Бозии ниҳоии сабқати Ҷоми Тоҷикистон фардо, 5-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор мешавад.
Бозиро Равшан Ишматов аз шаҳри Қӯрғонтеппа доварӣ мекунад. Қурбонмаҳмад Каримов (ноҳияи Хуросон) ва Раҳмон Муртазоев (Душанбе) ёварони сардовар, Хуршед Дадабоев (Хуҷанд) довари эҳтиётӣ, Абдураҳим Бобоев (шаҳри Турсунзода) нозири доварон ва Ислом Маҳмадшоев, сардори шӯъбаи байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон, комиссари бозӣ таъин шудаанд. Бозӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дастаи «Регар-ТадАЗ» дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва Ҷоми Тоҷикистон-2011-ро соҳиб шуд. Голи ягонаро бозигари «Регар-ТадАЗ» Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонида буд.