Бахусус ширкати Apple дар соҳаи мазкур хеле машҳур буда, бо навовариҳои худ аз қабили iPhone 5 ва iPad дар бозори алоқаи мобилӣ пешво мебошад.
Ширкати «Вавилон-Мобайл» чун яке аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи алоқаи мобилӣ эълон мекунад, ки дорандагони таҷҳизоти iPhone 5 минбаъд метавонанд, барои гирифтани Nano Sim-кортҳо ба шӯъбаи муштариёни ширкат, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ 5 (шаҳри Душанбе), инчунин дар шӯъбаҳои намояндагии ширкат дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб муроҷиат намоянд. Муштариёни «Вавилон-Мобайл» метавонанд дар шӯъбаи муштариён ба таври ройгон Sim-корти худро ба Nano Sim-корт иваз намоянд.
Истифода аз технологияҳои пешрафта ва вориднамоии шаклҳои нави хизматрасонӣ бо дар назардошти дархости истеъмолкунандагон ва кўшишҳо роҷеъ ба мувофиқат кардан ба талаботи бозор, имкон медиҳад, ки ширкати «Вавилон-Мобайл» ҳамеша дар сафи пеши хидматрасонӣ бошад.