Мутахассиси бритониёӣ «Сомон Эйр»-ро роҳбарӣ мекунад. Ба ҷои Рустамов
Ллойд Пакстон ба симмати райиси ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" таъин гардидааст.
Дар ин бора сомонаи Би-Би-Си бо такя ба қавли масъулини ин ширкат иттилоъ пахш кардааст. Гуфта мешавад, ҷаноби Пакстон дар ин симмат Алишер Рустамовро иваз кардааст, ки тӯли ду соли ахир раҳбарии "Сомон Эйр"-ро бар ӯҳда дошт. Дуввумӣ як рӯз қабл аз ин, бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон ба симмати муовини аввали раиси Фурудгоҳи шаҳри Душанбе таъйин шудааст.Дар чанд соли ахир барои бори нахуст аст, ки як ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонӣ барои тавсеаи фаъолияти худ коршиноси хориҷиро даъват мекунад.
Маврид ба ёдоварист, Ллойд Пакстон дар гузашта раҳбарии ширкати "Эйр Астана"-ро бар ӯҳда дошт. Вай аз ин пеш дар ширкати ҳавопаймоии Бритониё (British Airways) низ ифои вазифа кардааст.