То 1-уми январи соли 2011 ҳудуди 25.495 нафар сокинони пойтахт барои гирифтани қитъаи замин ҷиҳати бунёди манзили истиқоматӣ ба шаҳрдорӣ муроҷиат кардаанд.
Тавре Шафкат Саидов, сухангӯи райиси шаҳри Душанбе ба «Озодагон» иттилоъ дод, ҳукумати пойтахт ба маълумоти шаҳрвандон - сокинони шаҳр мерасонад, ки бо назардошти аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ба анҷом расонидани корҳои таҳқиқотию пажўҳишӣ ва тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе тарҳрезӣ намудани нақшаи муфассали маҳал дар минтақаи Ховарон ҷиҳати идомаи бунёди хонаҳои истиқоматии индивидуалӣ ҳар кадоме дар масоҳати 0,03 га ва иншооти иҷтимоию инфрасохторӣ ҳамаи руйхати шаҳрвандон барои баррасӣ ва пешниҳоди воқеӣ ба Комиссияҳои ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт баҳри баррасии аризаҳо бо мактуб ои №№24/42/31, 26/43/31, 28/41/31, 32/44/31 аз 7 июни соли 2011 фиристода шуданд. Бинобар ин аз шаҳрвандони аз соли 2004 то 1 январи соли 2011 бо ин мақсад унвонии шаҳрдорӣ муроҷиат карда ва аризаашон дар Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе бақайдгирифта хоҳиш карда мешавад, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва рақами сабти муроҷиаташон дар Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе барои баррасии аризаашон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҷойи зисташон: ноҳияҳои Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур муроҷиат намоянд.