Дар Тоҷикистон давоми як моҳи охир нархи тухм арзон шуда, то ба 70 дирам барои як дона поён омаадаст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин нишондод дар моҳи октябри соли 2011 ҳудуди 80 дирамро дар бар мегирифт.Ҳоло дар бозорҳои «Саховат»- у «Шоҳмансур» ва «Деҳқон»- ва «Варзоб» як дона тухм 70 дирам ба фӯруш гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ба ҷуз корхонаҳои истеҳсоли тухми ватанӣ, ин намуди маҳсулотро аз хориҷа низ ворид мекунанд. Воридоти тухм ба Тоҷикистон асосан аз Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Чину Русия мебошад.