Ванҷ: То охири сол боз ду неругоҳ ба кор медарояд
Тибқи иттилои ҷамъияти саҳомии «Помирэнерҷӣ дар се марҳала сохтмони 16 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ дар қаламрави ВМКБ дар назар аст.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ин ширкат иттилоъ доданд, тайи 20 соли ахир дар Бадахшон 33 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ба маблағи умумии беш аз 200 млн. сомонӣ бо иқтидори 31,8 Мегават(т) сохта ба истифода дода шудааст.
Дар айни замон, дар минтақаи мазкур сохтмони се нерӯгоҳи дигар бо маблағи умумии 58 млн. сомонӣ дар ноҳияҳои Ванҷу Мурғоб идома дорад, ки дутои онҳо аз рӯи нақша дар ноҳияи Ванҷ то охири соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
«Помирэнерҷӣ» ҷиҳати асосноккунии техникиву иқтисодӣ боз ду нерӯгоҳ - Себзор ва Санобод бо иқтидори лоиҳавии 125 Мегават(т) нақшаеро рӯи даст дорад, ки бо амалӣ шудани он ВМКБ пурра бо барқи доимӣ таъмин хоҳад шуд.