Собиқ раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон бо Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пластов сарфароз гардид.
Тибқи иттилои расида, ин мукофот ҳар сол ба беҳтарин рассомони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби коммиссияи вижа, ки 25 тан аз рассомону наққошони варзида шомили он ҳастанд, тақдим мегардад. Сӯхроб Қурбонов, ҳамроҳ бо се тани дигар аз рассомони дигари собиқ шӯравӣ дар ҷараёни баргузории як намоишгоҳ ба ин муносибат дар шаҳри Уляновск соҳиби Ҷоизаи байналмилалии Пластов шудаанд. Ба гуфти ӯ, ин
ҷоизаро, ки сатҳи байналмилалӣ дорад ва ба ифтихори рассоми саршиноси рус, академик ва қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ таъйин шудааст, барои хизмати шоён дар рушди санъати тасвирӣ ва зебоиофарӣ дарёфт менамоянд.
Маврид ба ёдоварист, Аркадий Пластов, зодаи шаҳри Уляновск аз рассомони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки унвони қаҳрамони СССР ва академики санъати рассомиро соҳиб шуда буд. Маблағи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Пластов як миллион рубли русӣ, ё муодили 30 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.
Гуфта мешавад, миёни осори пешниҳодшудаи Сӯҳроб Қурбонов наққошие аз достони "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ низ будааст, ки таҷассумгари фарҳанги миллии тоҷик аст. Сӯҳроб Қурбонов барои ин асари тасвирӣ соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рудакӣ шуда буд.