Тибқи як қарори марбута, ки ахиран аз сӯи хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба тасвиб расид, гуфтугӯи телефонӣ ба Русия ҳудуди ним баробар афзуда, зангҳои содиротӣ аз ҳама гуна ширкатҳои мобилии Тоҷикистон 50 дарсад боло мераванд. Ҳамакнун, муштариён ба ҷои 8 сенти қаблӣ, 12 сенти амрикоӣ пардохт мекунанд. Маврид ба ёдоварист, аз аввали соли равон андози 3 фойизаи ҳам ба сари муштариён бор шуда буд. Гуфта мешавад, тасмими ахири масъулин бойиси коҳиш ёфтани теъдоди муштариёни ширкатҳои мобилӣ гардида, хисороти ҳангуфте низ барои ин ширкатҳоро дар пай дорад. Дар ин маврид «Озодагон» ба Ғафур Эркаев, райиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо се суол муроҷиат кард.
Озодагон: Акнун нархи зангҳои содиротӣ аз ширкатҳои мобилӣ ба хориҷ аз кишвар боло мераванд, ин тасмимро кӣ гирифта ва барои чӣ?
Ғафур Эркаев: Ҳанӯз тирамоҳи соли сипаришуда мо аз се ширкати асосии мобилии Русия-Билайн, Мегафон ва низоми мобилӣ (телесистемаи мобилӣ) дар ин мавзӯъ номаи расмӣ гирифтем. Дар баробари ин, шурӯъ аз 1-уми январи соли равон ҷониби Русия зангҳои содиротиро аз Тоҷикистон ба нархи 10 сент қабул мекунад. Дар моҳҳои ноябр, декабри соли 2010 ва январи равон дар якҷоягӣ бо хадамоти зиддиинҳисорӣ мо ҷаласаи муштарак баргузор намудем. Зеро, болоравии нархи гуфтугӯи телефонӣ бевосита ба мизоҷон ва сатҳи иқтисодии хонаводаи онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Барои натарсонидани мизоҷон мо талош доштем, то ҳамаи масъалаҳоро омӯхта бароем. Барои баланд бардоштани нархномаи хидматрасонӣ мо маҷбурем, зеро се ширкати номбаршуда шарикони асосии моянд. Пас, аъзои асотсиатсия ба хулосае омад, ки қимати гуфтугӯҳои телефонӣ ба 12 сенти ИМА барои як дақиқа боло равад. Имрӯзҳо барои якбора баланд нашудани арзиши гуфтугӯ машваратҳо идома доранд, ҳарчанд хадамоти зидиинҳисорӣ аллакай қарорашро эълом кардааст. Мо роҳ меҷӯем, то нарх қимат нашавад. Бояд як қисми аҳолӣ, ки аз хизматрасониҳои мо истифода мекунанд, барои муошират бо наздиконашон дар Русия ҳамин баландравиро якбора эҳсос накунанд. Ба ҳар сурат нарх боз қиматтар мешавад, ҳарчанд мо онро нахоҳем, чаро ки дар ин давра хароҷотҳо низ зиёд шудаанд.
Озодагон: Оё ин амалкард ба бӯҳрони молӣ дар ширкатҳои мобилӣ мусоидат намекунанд?
Ғафур Эркаев: Айни замон асотсиатсияи алоқаи мобилӣ машварат гузаронида истодааст, мо дар ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативием, ки арзиши зангҳои содиротӣ боло нараванд. Ҳоло ҳам бархе аз ширкатҳо, ҳарчанд бар зарари моли худашон бошад ҳам, зангҳои баромадро ба Русия ба таври қаблӣ қабул мекунанд. Бо Русия ва мақомоти дахлдори Точикистон, хадамоти зидиинҳисории ИДМ машваратҳо мешаванд, кӯшиш мекунем, ки аз болоравии қимати гуфтугӯи телефонӣ ҷилавгирӣ кунем.
Озодагон: Ахиран ба сари ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон андозҳои иловагӣ ва корҳои дигарро аз қабили хонасозӣ ва баландбардории арзиши тарофаҳо бор мекунанд. Дар ин бора андешаи шумо чист?
Ғафур Эркаев: Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир он корҳоеро иҷро мекунад, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва хадамоти зиддиинҳисориву танзими алоқа ба таври қонунӣ ироа гардидаанд. Ҳоло мо бо кумитаи андоз, хадамоти зидиинҳисорӣ ва ҳукумат расман муроҷиат карданием, ки ягон навъи фишор мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ба операторони мобилӣ набошад.
Мусоҳиб: Мавзуна Абдуллоева