Афзоиши воридоти орд ҳам монеъи болоравии нархи он нашуд
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, тайи як соли охир дар бозорҳои кишвар болоравии арзиши орди истеҳсоли Қазоқистон мушоҳида мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар қиёс бо нархҳои моҳи октябри соли гузашта, нархи як халта орд 18 дарсад боло рафтааст. Яъне, моҳи октябри соли гузашта як халта орд 134 сомонӣ арзиш дошт, аммо ин рақам имрӯз муодили 160 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол ва дар робита ба ин, Агентии омори назди президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 470 ҳазор тонна гандум ва 232 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар аст. Аммо ба гуфтаи истеъмолкунандагони ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар як халта орди истеҳсоли Қазоқистон беш аз 170 сомон ва наздик ба 180 сомонӣ арзиш дорад.