Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар интихоботи парлумонии Гурҷистон эътилофи мухолифин “Орзуи гурҷӣ” 53% овозҳоро гирифта, ҳизби ҳукмрони “Ҳаракати ягонаи миллӣ” аз ҷониби 43% интихобкунандагон дастгирӣ ёфтааст.
Маълумоти аввалини пешакӣ дар сомонаи Кумитаи марказии интихобот бо таъхир эълон шуд. Чуноне раиси кумитаи мазкур Зураб Харатишвилӣ мегӯяд, шабона ба сомона якчанд ҳуҷуми информатсионӣ руй дод, аммо хадамоти техникӣ тавонистанд мушкилотро бартараф намоянд.
Аммо ба гуфтаи намояндаи эътилофи “Орзуи гурҷӣ” Давид Зурабишвилӣ, "мушкилоти кори сомона аз он сабаб рух дод, ки ҳукуматдорон мехостанд қисме аз овозҳоро ба худ ихтисос диҳанд, аммо онҳо ин корро карда натавонистанд". Намояндагони ҳукумат бошанд ин фарзияро рад кардаанд.