Дар ин бора ба Озодагон аз бонки мазкур иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, акнун бахши интиқоли маблағҳои Саридораи ҶСК «Агроинвестбонк» рӯзҳои якшанбе низ, аз соати 8-00 пагоҳӣ то соати 13-00 ба мизоҷон хизмат мерасонад.
Ин иқдоми нави бонк метавонад барои ҳалли мушкилоти баъзе маблағгирандагон, ки мехоҳанд маблағҳои худро дар рӯзи истироҳат, яъне якшанбе ба даст оваранд, мусоидат намояд.
Ҳамакнун, сокинони шаҳри Душанбе ва манотиқи атрофи он, ки пештар дар рӯзҳои корӣ барои ба бонк муроҷиат кардан имконият надоштанд, метавонанд дар ҳама рӯзҳои ҳафта, ҳатто рӯзи якшанбе маблағҳои аз хориҷ ба номи онҳо интиқолгаштаро дастрас намоянд.