Ҷамъоварии беш аз 190 ҳазор тонна пахта дар кишвар
То имрӯз (2-юми октябр), 194 ҳазор тонна пахта аз саҳро ҷамъоварӣ шуда, ба корхонаҳои коркард супурда шуд.
Тавре ба Озодагон аз вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ин рақам ҳудуди 48% аз ҳосили банақшагирифтаи имсоларо ташкил медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, маъракаи ҷамъоварии пахта имсол аз сабаби боронгарии зиёд ва бардавоми баҳорӣ қариб як моҳ дертар сар шуд.
-Соли гузашта, деҳқонон то 16-уми октябр аллакай эълон намуданд, ки нақшаро иҷро кардаанд. Имсол пахтапарварони ҷумҳурӣ дар масоҳати 200 ҳазор гектар пахта кошта буданд».