Тоҷикистон аз замони шӯравӣ ҳам гузашт. Дар истихроҷи ангишт
Истихроҷи ангишт дар Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи иқтисоди кишвар ба 314 ҳазор тонна расонида шуд.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд, корхонаҳои саноатии марбути соҳа истихроҷи ангиштро аз замони шӯравӣ ҳам зиёд намудааанд.
Манбаъ мегӯяд, дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 309 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардида буд. Имрӯз корхонаҳои соҳа тавонистанд, ки дар ҷамъбасти 9 моҳи соли ҷорӣ истеҳсол ва коркарди онро ба 314 ҳазор тонна расонанд, ки ин нисбат ба нақшаи соли 1991 5,0 ҳазор тонна ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 143 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол, бо сабаби маҳдудияти сарчашмаҳои дигари алтернативӣ афзоиш додани ҳаҷми истихроҷи ангишт барои аҳолӣ, корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ муҳим ба ҳисоб рафта, он ба нисбатан коҳиш додани норасоии нерӯи энергетикӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.