Ҳуҷуми хакерон. Ба ройонаҳои Кохи Сафед
Дирӯз хакерон ба шабакаи компютерии Қасри Сафеди ИМА ҳуҷум карданд, аммо ин амали онҳоро низоми бехатарии шабака ба хубӣ бартараф кард.
Чуноне котиби матбуотии президенти ИМА Ҷей Карнӣ иттилоъ додааст, ки шабакаи дохилӣ истиқоматгоҳи сарвари давлат бо низомҳои махсусе таҷҳизонида шудааст, ки имкон медиҳанд бо чунин ҳуҷумҳо мубориза бурда шавад.
Ҷей Карнӣ илова намудааст, ки ҷинояткорон ягон маълумотро гирифта ё аз байн бурда натавонистанд. Барои ҳуҷум хакерҳо аз як почтаи электронӣ истифода бурдаанд.
Тариқи он номае ирсол гардид, ки бо зер кардани пайванд дар он хакерон ба системаи компютерии Қасри Сафед дастрасӣ пайдо карданд. Дар фасли баҳор ва тобистони хамин сол ҳуҷумҳои ба ин монанд ба якчанд ширкати амрикоӣ, ки бо оҷонсиҳои ҳукуматӣ ва Пентагон ҳамкорӣ доштанд, рӯй дода буд.