Боҷи содиротӣ барои бензини русӣ боз боло рафт
Зимнан, ба маҳсулоти нафтии аз он кишвар воридшаванда 25 доллари ИМА зам гардида, ҳоло ба ҷои арзиши он аз 393,8 $-и моҳи сентябр то ба 418,9 $ барои як тонна боло рафт.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфта, ин раванд тайи чанд моҳи ахир ба назар мерасад. Тибқи иттилои Хадамоти гумрук, дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон 245,5 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,6 ҳазор тонна камтар мебошад.
Воридоти бензин 109,4 ҳазор тонна, ё худ 4,6% аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 44 ҳазор тонна камтар аст.
Маврид ба ёдоварист, ҳоло 62,7%-и маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид мегардад ва аз соли гузашта саҳми он кишвар дар воридот ба андозаи беш аз 20% кам шуд. Ҳиссаи Туркманистон дар воридоти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон афзуда, аз 11%-и соли гузашта то 19,8% боло рафт.
Аммо дар Тоҷикистон ба бекор шудани боҷи содиротӣ умедворанд. Интизор меравад, ки зимни сафари қарибулвуқӯъи Владимир Путин, президенти Русия ба Душанбе ин масъала дар меҳвари гуфтушунидҳо қарор хоҳад дошт.
Коршиносон бар ин назаранд, ки агар боҷи содиротӣ бекор гардад, қимати бензин дар ҷумҳурӣ аз 6,5 сомонӣ то 4,5 сомонӣ поин меравад.