Арзиши як килло себ дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон давоми як сол, яъне аз 1-уми октябри соли 2011 то имрӯз аз сад дар сад ҳам болотар афзоиш ёфтааст.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як килло себ дар пойтахт 6 сомонию 15 дирамро ташкил медиҳад, ки соли гузашта ин нишондод 3 сомонӣ будааст.
Манбаъ таъкид кард, ки аз ҳама себи арзонро дар бозори «Саховат»- бо арзиши 5 сомонию 40 дирам харидан мумкин. Аммо арзиши аз ҳама гарон дар бозори «Шоҳмансур»-у «Деҳқон» мушоҳида карда шуд, ки як киллоаш 7 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.