Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо К. Шанмугам, вазири корҳои хориҷаи Сингапур мулоқот намуд.
Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин мулоқот ҷонибҳо масоили дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Сингапурро мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта мешавад вазирони корҳои хориҷаи ин ду кишвар, инчунин имкониятҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ баррасӣ карданд.
Манбаъ мегӯяд, перомуни масъалаҳои тавсиаи ҳамкориҳои дуҷониба дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва масоили дигар мубодилаи афкор анҷом дода шуд.