Ҳаҷ-2012: 4 500 нафар аз Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Худо мераванд
Имрӯз, 29-уми сентябр сафари зоирини тоҷик барои тавофи Каъба оғоз гардид. Ин маросим то 19-уми октябр идома хоҳад ёфт.
Маҳмадюсуф Шодиев, масъули хадамоти матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Озодагон гуфт, ки тибқи нақша, танҳо барои гусели зоирин аз фурудгоҳи Душанбе ба Ҷидда 24 парвоз амалӣ гардида, зиёда аз 4 500 зиёраткунанда интиқол дода мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, интиқоли зоиринро имсол ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ба ӯҳда доранд. Зимнан, дар фурудгоҳи Душанбе ҷаласаи муштараки пеш аз сафари зоирин бо иштироки намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи сарҳадот, Хадамоти гумруки назди фурудгоҳ, намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», «Сомон эйр» ва «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» баргузор гардид. Дар ҷаласа, ҷонибҳоро вазифадор намуданд, ки дар гусел ва қабули зоирин масъулияти бештаре дошта бошанд.
Бояд гуфт, ки имсол гусели зоирин бевосита аз фурудгоҳи Душанбе сурат мегирад. Қайди чиптаи ҳавопаймо, назорати махсус ва саворшавӣ, назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ, бевосита дар фурудгоҳ амалӣ мешавад. «Барои дар сатҳи зарурӣ анҷом додани маъракаи Ҳаҷ-2012 толори парвозҳои маҳаллии фурудгоҳ ҷиҳозонида шуда, широити буду боши зоирин таъмин карда шудааст»,-афзуд манбаъ.