Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Бундестаги Олмонро ба ҳузур пазируфт
Дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон бо ҳайати Бундестаги Олмон (парлумони Олмон) сурат пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии райисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ҳайати мазкурро, ки таҳти сарварии ҷаноби Дагмар Энкелманн ба Душанбе ташриф овардаанд ба ҳузур пазируфт.Дар нишаст масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар чаҳорчўби муносиботи дуҷониба ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.Гуфта мешавад, ҳадафи асосии боздиди ҳайати Бундестаги Олмон шиносоӣ бо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди кишварҳои минтақа ва рафти татбиқи амалии стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ мебошад.Аз раванди дастрасӣ ба ҳадафҳои ин стратегия дар баъзе соҳаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши маориф изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки бо мусоидати Иттиҳоди Аврупою ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷаҳду талоши худи кишварҳои минтақа дар самти бартарафсозии мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ, коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва ҳаллу фасли проблемаҳои вобаста ба обу энергетика низ натиҷаҳои назаррас ҳосил мешаванд. Ҳамзамон ба масоили вобаста ба демократикунонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таҳкими мубориза ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир низ мароқ зоҳир карда шуд.