Меткалф: Гузариш ба пахши рақамӣ оқибатҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад
80 аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди президенти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо коршиносон масъалаи гузариш ба пахши телевизиони рақамиро дар Тоҷикистон ба баррасӣ гирифтанд.
Муҳокимаҳо дар доираи ҳамоиши Маҳфили ҳамкории иҷтимоӣ ҷараён гирифт, ки аз сӯйи САҲА дастгирӣ мешавад.
Ивар Викки, роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон гуфт: «Ҳар хонавода имкони гузариш ба пахши рақамиро дорад, вале боиси нигаронӣ аст, ки оинаи бисёр телевизорҳо баъд аз гузариш ба пахши рақамӣ торик хоҳанд шуд. Сари ин масъала танҳо Ҳукумати Тоҷикистон бояд хулосаи зарурӣ барорад».
Аммо Саидмурод Фаттоев, мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мегӯяд, пахши рақамӣ ба гуногунандешии бештар дар ВАО имкон медиҳад. Номбурда илова намуд, ки инчунин фазои мавҷҳо оқилонатар истифода хоҳад шуд.
Катрин Нейман Меткалф, профессори Донишгоҳи технологии Таллин ва яке аз коршиносони соҳаи пахши телевизионӣ мегӯяд, гузариш ба пахши рақамӣ оқибатҳои зиёди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дорад ва аз ин хотир ҷараёни мазкур бояд тавассути банақшагирӣ ва муҳокима бо ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор сурат гирад.
Бояд зикр намуд масъалаи гузариш ба пахши рақамӣ то соли 2015 ба нақша гирифта шудааст. Феълан, коршиносони соҳаҳои фарҳанг ва намояндагони порлумон масъалаи ояндаи телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистонро муҳокима доранд.