Ҳар халта орд бо нархи 88 сомонӣ вориди Тоҷикистон шудаст
Тибқи итттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон дар ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 470 ҳазор тонна гандум ва 232 ҳазор тонна орд ворид шудаст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар аст.
Орд ба маблағи 83 миллион доллари амрикоӣ ворид шудаст, ки ин ба ҳисоби миёна сари ҳар тонна 358 доллари амрикоӣ ва мувофиқан сари ҳар халтаи 50 киллограма 88 сомониро ташкил медиҳад. Гандум ба маблағи 102 миллион доллари амрикоӣ ворид шудаст. Ҳар тонна гандуми имсол воридшуда ба ҳисоби миёна 217 доллари амрикоӣ нарх дорад.
Ин дар ҳолест, ки айни ҳол як халта орд дар бозорҳои шаҳри Душанбе ҳудуди 170 сомонӣ нарх дорад. Ҷаҳиши нарх асосан моҳи охир сурат гирифт.
Масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд болоравии нархи орд ба коҳиши истеҳсоли он дар кишварҳои тавлидкунандаи ин намуди озуқа сурат гирифтаст.
Дар Қазоқистон, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо орд маҳсуб меёбад, ҳосили интизорӣ аз 14 то камтар аз 12 миллион тонна коҳиш ёфтаст.