Дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор калонсол як банкомат рост меояд
Тадқиқгарони Хазинаи байналмилалии асъор муайян кардаанд, ки дар Тоҷикистон ба сари ҳар 100 ҳазор сокини калонсол 6,57 адад намояндагии бонки тиҷоратӣ рост меояд, ки ин аз нишондоди Қазоқистон бештар буда, аз Қирғизистону Ӯзбекистон камтар аст.
Аз рӯи шумораи намояндагиҳои бонкҳои тиҷоратӣ ба сари ҳар 100 ҳазор сокини калонсол Ӯзбекистон миёни кишварҳои Осиёи Миёна дар сафи пеш меистад.
Таҳқиқгарони ХБА ҳисоб кардаанд, ки дар Ӯзбекистон айни ҳол 47,72 намояндагии бонки тиҷоратӣ ба сари ҳар ҳазор сокини калонсол рост меояд. Ин нишондод дар Қирғизистон 7,72 адад, дар Тоҷикистон 6,67 ва Қазоқистон 3,38 ададро ташкил медиҳад.
Дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба сари ҳар 100 ҳазор сокини калонсол 35,43 намояндагии бонки тиҷоратӣ, дар Русия 37,09 ва дар Фаронса 41,58 намояндагӣ рост меояд.
Аз рӯи шумораи банкоматҳо Қазоқистон пешсаф аст, ки ба сари ҳар 100 ҳазор сокини калонсол 65,8 банкомат рост меояд. Дар Қирғизистон ба сари ҳар 100 ҳазор калонсол 12,07 банкомат, дар Тоҷикистон 7,68 банкомат ва Ӯзбекистон 4,54 банкомат рост меояд. Ба ҳар сад ҳазор русиягӣ 153 банкомат ва фаронсавӣ 110 банкомат рост меояд.
Дар Тоҷикистон ба гуфтаи намояндагони Бонки миллӣ таи нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми амалиётҳо тавассути кортҳои пластикӣ 75,1 фоиз афзудаст. Миқдори банкоматҳо дар охири шашмоҳаи соли ҷорӣ назар ба соли гузашта 100 дона ё 34,5 фоиз ва шумораи терминалҳо 307 адад ё 82,7 фоиз зиёд шудаанд. Миқдори нафаронеро, ки айни ҳол дар Тоҷикистон кортхои пластикӣ доранд, масъулини Бонки миллӣ наздик ба ним миллион нафар арзёбӣ мекунанд.