Изатулло Шарипов: «Касе нисбати Ҳамза ҳамин корро кард, Худо мезанадаш»
Изатулло Шарипов, роҳбари Сарраёсати маҳбасҳои Вазорати адлия бо модар ва хоҳари Ҳамза Икромзода, ки чанде қабл дар маҳбаси №1 даргузашт, сӯҳбат карда, изҳор доштааст, ки ҳар кӣ Ҳамзаро куштааст, Худо ӯро мезанад.
Хабарнигори Озодагон, ки дар маҳалли таҷамӯи наздикони Ҳамза Икромзода қарор дорад, гуфт, ки гуфтугӯи Иззатулло Шарипов бо пайвандони Ҳамза идома дорад. Модари Ҳамза ба Иззатулло Шарипов иброз намудааст, ки «вақте ҷасади писарамро оварданд, дасту пояш бо сим баста буд». Модари Ҳамза ҳамчунин илова намудааст, ки барои наҷоти писараш Рустам ном яке аз масъулини маҳбасхона аз онҳо 2 ҳазор доллар тақозо кардааст.
Ёдовар мешавем, субҳи имрӯз наздики 10 нафар аз сокинони деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор, бо шумули хешовандони Ҳамза Икромзода дар назди Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нишони эътироз ҷамъ омада, хостори таҳқиқи ҳарчи зудтари сабабҳои марги ӯ шудаанд.
Ёдовар мешавем, бино ба иттилои наздикони Ҳамза Икромзода ӯ рӯзи 20-уми сентябр бар асари лату куб ва озору шиканҷа ба ҳалокат расидааст.