Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 фоизи калонсолон суратҳисоби бонкӣ доранд
Бонки ҷаҳонӣ дастрасии мардум ба хизматрасониҳои молиявиро таҳлил карда, Тоҷикистонро миёни кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳама охир қарор додааст.
Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ аз ҳама зиёд дар Қазоқистон мардум суратҳисоби бонкӣ доранд, ки 42 фоизи сокинони калонсоли ин кишварро ташкил медиҳад. Дар Ӯзбакистон 23 дар сад ва дар Қирғизистон 4 фисади аҳолии солманд суратҳисоби бонкӣ доранд. Аз ҳама кам дар минтақа сокинони Тоҷикистон дар бонкҳо суратҳисоб доранд, ки ҳамагӣ 3 фоизи аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ тибқи таҳлилҳои бонк дар ҳоли ҳозир 2 миллиарду 500 миллион нафар дар ҷаҳон ба хизматрасониҳои бонкӣ дастрасӣ надоранд ва аз суратҳисоби бонкӣ маҳруманд. Аз се ду ҳиссаи нафароне, ки суратҳисоби бонкӣ надоранд, сабабашро набудани пул мегӯянд. Сеяки мардум аз он шикоят доранд, ки арзиши хизматрасониҳои бонкӣ гарон аст ё худи бонк дар масофаи дур ҷойгир аст, ки расидан ба он вақти зиёд мегирад.
Дар Тоҷикистон тибқи иттилои Бонки миллӣ ҳудуди 15 бонк фаъолият карда, сол ба сол шумораи намояндагиҳояшонро дар навоҳӣ зиёд намуда истодаанд, то дастрасии мардум ба хизматрасониҳои бонкӣ зиёд шавад.