Тоҷикистон аз Рӯзи забон ҷашн мегирад
Дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ омодагиҳо барои таҷлили Рӯзи забон идома дорад.
Аз Вазорати фарҳанг ба Озодагон гуфтанд, ки бахшида ба ин рӯз барномаи фарҳангии ҷашни Рӯзи забон бо лаҳзаи театрӣ бо иштироки ҳунармандон- Фирӯз Умаров ва Ортиқ Қодиров оғоз ёфтааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар барномаи консертӣ ансамбли «Шашмақомхонон»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев, ансамбли рақсии «Гулрез», ҳунармандони шинохта Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, Нигина Амонқулова, Хуршед Иброҳимов, Озода Ашурова, гурӯҳи балетии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳамсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Таҳияи барномаи фарҳангӣ ба зиммаи коргардонҳо Давлат Убайдуллоев ва Ориф Набиев гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, соли 2009 парлумони Тоҷикистон Қонуни дуюми забони давлатиро ба тасвиб расонд. Дар асоси ин қонун «Рӯзи забони тоҷикӣ», ки ҳамасола 22-юми июл, дар рӯзи тасвиби қонуни аввали забон, таҷлил мешуд, ба панҷуми октябр гузаронида шуд.