Депутати рус фоидаи Тоҷикистонро аз Иттиҳоди гумрукӣ $350 миллион гуфт
Василий Лихачев, узви Кумита оид ба корҳои ИДМ-и парлумони Русия изҳорот оид ба талафоти молиявии Тоҷикистонро, ки гӯё дар пайи аъзошавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ сурат мегирад, беасос хонда, мӯътақид аст, узвияти Тоҷикистон дар ин созмон барои рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад.
«Баъзе ҳаҷми талафоти молиявии Тоҷикистонро 400 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мекунанд. Фаромӯш мекунанд, ки дар сурати узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ Тоҷикистон 350 миллион доллари амрикоиро зимни воридоти сӯзишворӣ сарфа мекунад. Зиёда аз ин барои қонунигардонии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат мекунад»,-гуфтааст аъзои Кумита оид ба корҳои ИДМ-и парлумони Русия.
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон зимни содироти сӯзишворӣ боҷи содиротӣ месупорад, ки Русия моҳи майи соли 2010-ум бо далели аъзо набудан ба Иттиҳоди гумрукӣ ҷорӣ намуда буд ва зина ба зина то ҳол онро боло бурда истодааст.
Ҳукумати Русия қарор кардаст боҷи содиротии маҳсулоти нафтиро аз 1-уми октябр дар ҳаҷми 25 доллари амрикоӣ ё 6,4 фоиз қиммат карда, аз 394 доллари моҳи ҷорӣ то 419 доллар сари як тонна баланд бардорад.
Интиқолдиҳандагони бензин аз Русия ба Тоҷикистон сар аз аввали октябр барои ҳар тонна бензин 377 доллар боҷи содиротӣ пардохт хоҳанд кард. Моҳи ҷорӣ ин нишондод ба 354 доллар баробар аст. Зимни содироти маҳсулоти рушани нафтии дигар интиқолдиҳандагон ба Тоҷикистон сари ҳар тонна 276,4 доллар пардохт хоҳанд кард, ки нисбати ҳозира 18 доллари амрикоӣ қиматтар аст.