Тоҷикистон ба ҷашнвораи байналмилалии «Фалак» омода мешавад
Аз 8 то 11-уми октябри соли равон дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни Фестивали байналмиллали «Фалак» баргузор мешавад.
Раҳматулло Раҳматуллоев, сухангӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки дар ҷашнвора ҳунармандон аз вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ ширкат меварзанд.
«Дар фестивал дар баробари ҳунармандон кишвар, ҳамчунин иштироки гуруҳҳои ҳунарӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Афғонистон ва Федератсияи Русия дар назар аст»,-афзуд номбурда.