Узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукӣ аз Қирғизистон вобаста аст
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мизи гирде зери унвони «Иттиҳоди гумрукӣ ва Тоҷикистон: Имкониятҳои нави баҳамоӣ», ки рӯзе пеш дар Душанбе гузашт, таъкид кард, вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ танҳо баъди аъзои ин созмон шудани Қирғизистон имконпазир мегардад.
Ба гуфтаи сафир яке аз шартҳои узвият дар созмон доштани сарҳади муштарак бо яке аз аъзоён мебошад.
Попов изҳорот оид ба зарарории Иттиҳоди гумрукӣ ба Тоҷикистонро қатъиян инкор карда афзуд, узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди гумрукӣ боиси рушди иқтисодии кишвар ва беҳбуди иҷтимоии тоҷикистониён мегардад: «Шаҳрвандони Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ имкон пайдо мекунанд, тайи 30 рӯз бе қайди расмӣ дар ҳудуди Русия қарор гиранд. Барои кишварҳое, ки узви Иттиҳоди гумрукӣ нестанд, айни ҳол ин мӯҳлат ба 7 шабонрӯз баробар аст».
Қаблан Владимир Путин, президенти Русия, ки аз саркардагони Иттиҳоди гумрукӣ, Минтақаи ягонаи иқтисодӣ ва Иттифоқи АвруОсиё мебошад, изҳор дошт, ки ин созмонҳо барои ҳаракати бемонеаи сармоя, мол ва қувваи корӣ шароити мусоид фароҳам меоранд: «Ин ҷо масъалаи сирф иқтисодист. Зарур аст, ки масъулини кишварҳо шинанд, ҳисобу китоб кунанд ва аз тахаюлоти беасоси сиёсии гузашта халос шаванду фикри ояндаро кунанд. Мо касеро маҷбур намекунем, ки узви ин созмонҳо гарданд. Узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ва Минтақаи ягонаи иқтисодӣ ин интихоби мустақили мардуму ҳукуматҳои ҳар кишвар хоҳад буд».