Тарс аз облава нархи чиптаҳоро боло бурдаст
Дар нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймои шаҳри Душанбе таи чанд рӯзи охир нарх ҳудуди 150 сомонӣ боло рафта, чиптаи хатсайри Душанбе – Маскав аз ҳадди 2 ҳазору 450 сомонӣ ҳам гузаштаст.
Масъулини нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо нисбатан гарон шудани чиптаҳоро ба афзоиши харидорон рабт медиҳанд, ки асосан аз ҳисоби ҷавонони синнашон ба хизмати ҳарбӣ расида зиёд шудааст. «Бисёри ҷавонон чиптаро то 29 – 30 –юми сентябр талаб доранд. Бинобар ин талабот ба чиптаҳои рӯзҳои наздик зиёд аст. Бисёриҳо аз облава гурехта истодаанд» - мегӯяд яке аз фурӯшандаҳо.
Ин дар ҳолест, ки одатан фасли тирамоҳ мавсими арзонишавии чиптаҳо дар хатсайри Душанбе – Маскав аст. Дар натиҷаи кам шудани талабот ба хатсайри Душанбе - Маскав ширкатҳои ҳавопаймоӣ одатан нархҳояшонро поён бурда, дар хатсайри Маскав – Душанбе боло мебурданд, чун талабот аз ин тараф коҳиш ёфта, аз он тараф зиёд мешуд.
Масъулини нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ мегӯянд, арзоншавии чиптаҳо дар хатсайри Душанбе – Маскав эҳтимол аз моҳи октябр сар шуда, то моҳи январ ба нуқтаи арзонтарин мерасад.