Баррасии дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Вазорати иқтисод
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муовини вазир Умед Давлатзод бо мушовир оид ба масъалаҳои кӯмаки молиявӣ ва идоракунии молияи давлатии Комиссияи Аврупо доктор Рупиндер Сингҳ мулоқот намуд.
Дар ин бора ба Озодагон Нуралӣ Шоќурбонов сардори Хадамоти матбуотии Вазорати мазкур иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи соҳаи иқтисод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо аз мавзӯи меҳварии мулоқоти ду ҷониб маҳсуб гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ доктор Р.Сингҳ ҳадафи ташрифашро ба кишвари мо баён дошта, изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ омода аст ҳамкориашро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшад. Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки дар рафти вохӯриҳо бо мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳия намудани барномаҳои минбаъда самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар навбати худ, муовини вазир У. Давлатзод самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди кишварро зикр карда, дар ин замина дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро аз рӯи самтҳои мазкур ва соҳаҳои муҳими дигар номбар намуд.