Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон яке аз мушкилоти асосии истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили боду офтобро арзиши гарони он ном мебаранд.
Масъулини вазорат таъкид мекунанд, ки об ҳам манбаи барқароршавандаи энергетия буда, сохтмони нерӯгоҳҳои хӯрд яке аз роҳҳои пурсамари кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон мебошад: «Махсусан дар шароити деҳоти баландкӯҳ, ки зичии аҳолӣ кам аст, нерӯгоҳҳои хӯрд муфиданд, зеро аз нигоҳи иқтисодӣ сохтмони хати интиқоли барқ то ин минтақаҳо манфиатовар нест. Дар Тоҷикистон иқтидори имконпазири нерӯгоҳҳои хурд, 30 000 мегаватро ташкил медиҳад. Яъне, имкон дорад, ки дар кишвар аз ҳисоби нерӯгоҳҳои хӯрд 100 миллиард кВт соат истеҳсол гардад. Хароҷоти миёна барои сохтмони нерӯгоҳҳои хӯрд, вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ аз 1100 то 2000 доллари амрикоӣ, барои ҳар киловат ташкил медиҳад».
Айни ҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 270 нерӯгоҳи хӯрди обӣ сохта шудаанд ва дар доираи барномаи дахлдор то соли 2020-ум бунёди боз даҳҳои дигар дар назар аст.