Як қумондони саҳроии «Толибон» кушта шуд
Дар қаламрави музофоти Фараҳ, воқеъ дар ҷануби Афғонистон дасти кам 20 ҷангии «Толибон» кушта шудааст.
Абдул Раҳмон Жавнду, сухангӯи волии музофоти Фараҳ гуфтааст, миёни куштаҳо мулло Абдул Зоҳир, қумондони саҳроӣ ҳам ҳаст. Ба қавли номбурда задухӯрди нерӯҳои ҳукумат бо ҷангиён дар маҳали Ҷовин ба вуқӯъ пайвастааст. Пайравони «Толибон» талош кардаанд, ки нуқтаи назоратии пулисро таҳти назорати худ дароранд, аммо бо мухолифати шадид рӯ ба рӯ шудаанд. Ба қавли Жавнду дар ин амалиёт танҳо ду корманди пулис ҷароҳат бардоштааст.