Ноболиғон шишаҳои троллейбусро шикастанд
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт боз як гурӯҳ наврасонро бо ҷурми авбошӣ дастгир карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, кормандони милиса Ҳамид Иқболови 14 сола, сокини кӯчаи Бинокорони пойтахт, хонандаи синфи 10-и мактаби таҳсилоти умумии №17, Давлат Ғиёсови 17 сола, сокини кӯчаи Будённий, хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти умумии №29, Ҳусейн Холови 14 сола, сокини кӯчаи Шапкин, хонандаи синфи 8-и мактаби таҳсилоти умумии №29 ва Фирдавс Раҳмонови 17 сола, сокини кӯчаи Будённий, хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти умумии №29-ро боздошт кардаанд.
«Дастгиршудаҳо ҳангоми дар кӯчаи Садриддин Айнӣ қарор доштан аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо санг шишаҳои нақлиёти мусофирбар- троллейбуси №9-ро, ки ба самти Обшорон ҳаракат мекард, шикастаанд. Онҳо бо ин амалашон ба муассисаи нақлиёти ҳукумат зарари моддӣ расониданд»,-афзуд манбаъ.