Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон хостори таҳқиқи мунсифонаи марги Ҳамза Икромзода шудаанд
Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон бо пахши изҳороте аз ҳукумат хостаанд, то омилони марги Ҳамза Икромзодаи 27 сола дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1 ошкор шавад.
Дар изҳорот омадааст, ки тибқи маълумоти хешовандони марҳум, дар бадани Ҳамза Икромзода изҳои гуногуни осеби ҷисмонӣ, аз ҷумла, доғҳои сӯхта дар қисмати қабурғаҳо, пушт, гардан, доғҳои кабуд дар шонаю пойҳо ва осебҳои сар баръало намудор будааст.
Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, тафтиши фаврӣ, дақиқ, холисона ва мустақили фавти Ҳамза Икромзодаро гузаронда, кафолат диҳад, ки гунаҳкорони эҳтимолӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд ва хешовандони шахси фавтида ва аҳли ҷомеаро аз ҷараён ва натиҷаи тафтишот бохабар месозад.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи нахустини марг дар натиҷаи истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳои пешакӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ нест. Эътилоф аз мақомот талаб кардааст, ки тафтишоти муассири тамоми далелҳои марг дар боздоштгоҳҳои пешакӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, махсусан, аз рӯйи далелҳои фавти Сангов С., Шодиев Б., Бачаҷонов И., Бобоев И., Муродов Д., Бобокалонов Х, ки бар асари шиканҷа аз соли 2009 то 2012 кушта шудаанд, гузаронанд.
Зери изҳороти мазкур Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро», Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон, Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон - асри XXI», Ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон», Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон»
Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак», Фонди ҷамъиятии «Нотабене» имзо гузоштаанд.