U-17: Яккачини Тоҷикистон ба нимфинал роҳ ёфт
Футболбозони то 17 солаи тоҷик дар даври сеюми гурӯҳии сабқати байналмилалии Ҷоми президенти Туркманистон ҳамсолони худ аз Белорусияро шикаст доданд.
Наврасони тоҷик ба дарвозаи ҳариф ду тӯб зада, танҳо як гол сар доданд. Муаллифи ҳар ду гол Комрон Турсунов аст. Ин пирӯзӣ онҳоро ба даври ниманиҳойии мусобиқот бурд.
Ёдовар мешавем, тими наврасони Тоҷикистон шомили гурӯҳи «В» ҳастанд. Дар даври аввал аз тими наврасони Украина бо ҳисоби 3:0 шикаст хӯрданд, аммо дар даври дуюм тими наврасони Ӯзбакистонро бо ҳисоби 4:0 мағлуб карданд. Рақиби футболбозони навраси тоҷик дар даври нимфинал дертар муайян мешавад.
Маблағи ҷоизаи Ҷоми президенти Туркманистон 35 ҳазор доллари амрикоист. Ғолиби мусобиқа 20 ҳазор доллар мегирад. Барои ҷои дуюм 10 ҳазор доллар ва барои зинаи сеюм 5 ҳазор доллар муқаррар гардидааст.