Душанберо чангу ғубор таҳдид мекунад
Фардо, 28-уми сентябр дар ҷумҳурӣ ҳавои камабру бебориш дар назар буда, рӯзҳои 29 ва 30-юм дар баъзе ноҳияҳо борон пешбинӣ шудааст.
Парвина Соҳибҷамолова, сардори маркази пешгӯии обу ҳаво ба Озодагон гуфт, ҳарорати ҳаво 28 ва 30-юми сентябр ва 1-уми октябр дар вилояти Хатлон шабона то 15-20 дараҷа гарм шуда, рӯзона то ба 28-33 дараҷа хоҳад расид. Дар вилояти Суғд 29-ум ва 30-юм эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат дар баъзе ноҳияҳо мавҷуд аст. Дамои ҳаво аз 28-уми сентябр то 1-уми октябр дар вилоят рӯзона то 25-30 дараҷа гарм хоҳад шуд.
«Дар ноҳияҳои тобеи марказ 29-30-юми моҳи ҷорӣ эҳтимол дорад, борони кӯтоҳмуддат бирезад. Дамои ҳаво 28-29-уми сентябр ва 1-уми октябр 26-31 дараҷа гарм, аммо 30-юми моҳи равон то 7 дараҷа паст мешавад»,-афзуд манбаъ.
Ба қавли манбаъ, дар ғарби ВМКБ ҳавои таъғирёбанда пешбинӣ шуда, 28-уми сентябр ҳавои бебориш дар назар буда, 29-30-юми сентябр ва 1-уми октябр эҳтимолияти боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландии бештар аз 3000 метр боридани барф пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳри Душанбе 28-уми сентябр ҳавои камабри бебориш ва 29 ва 30-юми сентябр эҳтимолияти чангу ғубор дар назар аст. Дамои ҳаво 29-30-юм то 25-30 дараҷа гарм мешавад.