Аз оғози сол то имрӯз беш аз 300 ҷинояти ҷавонон ба қайд гирифта шудааст
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт вохӯрии кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ бо хонандагон ва волидони онҳо баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории мулоқот паст намудани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ва ҳимояи ҳуҳуқу манфиатҳои қонунии кӯдак мебошад.
Зебунисо Холдорбекова, подполковники милиса, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон падару модаронро ба вазъи имрӯзаи ҷинояту ҷинояткориҳо миёни хонандагон аз наздик ошно намуд.
Мавсуф қайд кард, ки аз авали сол то ба имрӯз аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонони ҷумҳурӣ 343 ҷиноят ба вукӯъ пайвастааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 64 ҷиноят зиёд мебошад.
Ҳамчунин дар вохӯри зикр шуд, ки гашту гузори шабонаи ноболиғон дар кӯчаҳои шаҳр зиёд гардидааст.
Масъалаи ба марказҳои бозиҳои бурднок, ҷойҳои дилхушӣ, марказҳои кампютерӣ рафтани онхо, риоя нанамудани либоси ягонаи мактабӣ ва истифодаи телефонҳои мобилӣ дар дарс низ мавриди муҳокимаи иштирокдорон қарор гирифт.
Чунин сӯҳбату вохуриҳои кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо дигар хонандагони мактабҳои миёна ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт низ сурат мегирад.