Мурсӣ: «Бо дахолати низомӣ дар Сурия мухолифем»
Раиси ҷумҳури Миср бори дигар бо ҳаргуна дахолати низомии бегонагон дар Сурия мухолифат ва таъкид кард, ки Кумитаи чоҳорҷонибаи ҳалли бӯҳрони Сурия дар поён додан ба хунрезиҳо дар ин кишвар муассир хоҳад буд.
Ба гузориши Хабаргузории Форс, Муҳамад Мурсӣ, ки барои ширкат дар нишастҳои маҷмаъи умумии Созмони милал ба Ню Йорк сафар карда аст, дар мусоҳиба бо телевизиюни "PBS"-и Амрико гуфт, ки Миср бо ҳаргуна дахолати бегонагон дар Сурия мухолиф аст. Вай изҳор дошт, ки талошҳои дипломатии Кумитаи чоҳорҷонибаи муташакил аз Миср, Эрон, Арабистон ва Туркия дар поён додан ба ҷанги дохилии хунин дар Сурия, ки аз 18 моҳ қабл оғоз шуда аст, муассир хоҳад буд.
Вай бо ишора ба ин ки бо ҳар гуна дахолати бегонагон ва ба коргирии зӯр дар ҳаводиси Сурия мухолиф аст, афзуд: «Ман ин мавзӯъро таcдиқ намекунам ва муътақидам, ки агар ин мавзӯъ иттифоқ биафтад, иштибоҳи бузурге хоҳад буд ва Миср ҳаргиз бо он мувофиқат нахоҳад кард».
Мурсӣ дар идома бо таъкид бар ин ки аз ҳама муҳим тавақуфи хунрезиҳои ҷорӣ дар Сурия аст, афзуд, ки масъулони мисрӣ , эронӣ, турк ва саъудиро даври ҳам ҷамъ карда, роҳкорҳое барои поён додан ба ин муноқиша ироа кунанд, зеро кишварҳо ба мизони гуногун ба ҳаводиси Сурия таъсир доранд ва ҳалли бӯҳрони Сурия низ бидуни мушорикати ин кишварҳо мумкин нест. Вай ибрози умедворӣ, ки сарони ин чоҳор кишварро дар як иҷлос барои баррасии парвандаи Сурия, даври ҳам ҷамъ кунад.