Таҳлилгарони амрикоӣ: Тоҷикистон дар ҳар сурат «Роғун» - ро месозад
Васоити ахбори оммаи Ӯзбакистон таи чанд моҳи охир таҳқиқоти олимони амрикоӣ - Шоҳрух Мирзо Ҷалилов, Томас М.Де Саттор ва Ҷей Лейч -ро паҳн мекунанд, ки дар он зарари нерӯгоҳи «Роғун» таҳқиқ шуда, дар маҷмӯъ ҳаққи Тоҷикистон барои сохтани он эътироф шудааст.
Ба гуфтаи ин гурӯҳи таҳлилгарон зарари асосии «Роғун» ба Ӯзбакистон баъди анҷоми пуррааш хоҳад расид:
«Обанбори «Роғун» таи 12,4 сол пур хоҳад шуд, ки ҳамасола барои ин 2 фоизи ҷараёни оби дарёи Аму сарф мешавад. Таъсири асосии «Роғун» ба Ӯзбакистон баъди пуроб шудани обанбор мерасад. Зимни фаъолияти нерӯгоҳ об дар фасли гармо дар обанбор ҷамъ мешаваду дар фасли сармо сарф мегардад».
Ин гӯруҳи таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки фаъолсозии пурраи «Роғун» дар фасли гармо, ки айёми кишту кор аст ҷараёни обро ба Ӯзбакистон 18 фоиз кам ва дар фасли сармо 54 фоиз зиёд мекунад. Камбуди об ба гуфтаи муаллифони мақолаи паҳннамудаи ВАО –и Ӯзбакистон, ки дар паи сохтмони НБО –и «Роғун» сурат мегирад, ҳамасола ба Ӯзбакистон ҳудуди 600 миллион доллар ҳисорот расонда, атрофи 300 ҳазор нафарро аз ҷои кор маҳрум мекунад.
Дар маҷмӯъ муаллифони мақолаи зидди «Роғун» эътироф мекунанд, ки ҳар кишвар ҳақ дорад сиёсатеро амалӣ кунад, ки ба фоидаи халқаш аст ва ба рушди иқтисодӣ равона шудаст: «Сарфи назар аз мавқеи Ӯзбакистон, Тоҷикистон «Роғун» - ро хоҳад сохт ва дар ҳамин ҳол ҳукумати Ӯзбакистонро зарур аст, то дар соҳаи обёрикунии Ӯзбакистон ислоҳот гузаронад.
Таҷрибаи об додани заминҳоро, ки исрофкорона аст, дигар карда, ба усулҳои муосири обёрии замин гузарад…».
Таҳлилгарони тоҷик иддаоро дар бораи таъсири манфии «Роғун» ба хоҷагии қишлоқи Ӯзбакистон беасос хонда, пешниҳоди ислоҳот дар соҳаи обёрикунии Ӯзбакистонро саривақтӣ арзёбӣ кардаанд, зеро маҳз исрофкории кишвари ҳамсоя мушкилоти обро дар минтақа шиддат бахшидаст.