Сенаторони Чехия дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев
Дирӯз (25 сентябр) раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати сенаторони ҷумҳурии Чехияро таҳти роҳбарии раиси Кумитаи Сенати ҷумҳурии Чехия оид ба масъалаҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ ҷаноби Мирослав Антл, ки ба кишварамон бо сафари корӣ ташриф овардааст, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз шӯъбаи робитаҳои байнипарламентии дастгоҳи Маҷлиси миллӣ хабар доданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ қайд намуд, ки ташрифи меҳмонон фоли нек буда, ҷиҳати бунёди пули дӯстӣ барои густариши робитаҳои байнипарламентӣ саҳифаҳои нав боз хоҳад кард. Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба сохтори Маҷлиси миллӣ, фаъолияти кумитаҳо, ташаббуси қонунгузорӣ ва ҷараёни қонунэҷодкунӣ, таърихи муносибатҳои байнипарламентии ҳарду ҷониб баҳри рушду такомули муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ, ки ба манфиати тарафайн равона карда шудааст, маълумоти муфассал дода, ба саволҳои меҳмонон дар ин бобат ва паҳлуњои гуногуни фаъолияти парламентӣ ҷавобҳои мушаххас дод.
Ҷаноби Мирослав Антл дар навбати худ қайд намуд, ки ҳадафи асосии сафари ҳайат таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентии ду кишвар буда, сенаторони Чехия баҳри рушду такомули ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва бахусус тавсеаи муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Сенати Чехия пайваста саъю кӯшиш хоҳанд намуд.
Ҳамзамон меҳмонон аз сатҳи муносибат ва ҳамкориҳои Чехия ва Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуданд, ки сайёҳони чехӣ ба манзараҳои зебои қаторкӯҳҳои Фон ва баландкӯҳҳои Помир майлу рағбат дошта, рушди ҳамкориҳоро дар соҳаи туризм мувофиқи мақсад ва зарур мешуморанд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, пеш аз ҳама саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешгирии зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташакилона, гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди музокира қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот раиси Маҷлиси миллӣ пешниҳод ба миён гузошт, ки барои пиёда сохтани мақсадҳои наҷиб ҷињати такон бахшидан ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳасанаи байнипарламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии тарафайн таъсис дода шаванд. Ин ва дигар таклифҳои пешниҳодгардида аз тарафи меҳмонон пазируфта шуданд.