Нархи картошака 22 фоиз гарон шудааст
Як кило картошка дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон давоми як сол, яъне аз 26-уми сентябри соли 2011 то имрӯз 22 дар сад қимат шудааст. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол ба ҳисоби миёна нархи як кило картошка дар бозорҳои кишвар 2 сомонию 10 дирам мебошад. Соли гузашта дар ҳамин давра ин нишондод ба 1 сомонию 70 дирам баробар будааст.
Сарчашмаи хабар инчунин таъкид кард, ки картошкаи аз ҳама арзон дар бозорҳои «Варзоб»-у «Саховат» бо арзиши 2 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Аммо нархи аз ҳама гарон дар бозори «Шоҳмансур»-у «Деҳқон» мушоҳида карда шуд, ки як кило картошака ба 2 сомонию 20 дирам баробар мебошад.