Тоҷикистон 8 созишномаи қарзию грантии нав мебандад
Вазорати молияи Тоҷикистон қасд дорад, то охири соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 8 созишномаи қарзию грантиро ба маблағи 502 миллион сомонӣ ё 105 миллион доллар имзо намояд.
Масъулини вазорат таъкид мекунанд, ки 80 фоизи ин маблағҳо грант мебошанд.
Ба ҳолати аввали нимсолаи ҷорӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 миллиарду 138 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки асосан ба Чину созмонҳои молиявии байналмилалӣ рост меояд. Қарздории Тоҷикистон дар назди Чин бештар аз 878 миллион долларро ташкил медиҳад. Масъулини вазорати молия таъкид менамоянд, ки қарзҳои Чин бо фоизи паст, - на зиёда аз 2 фисад ва ба мӯҳлатҳои дароз, – на камтар аз 20 сол дода шудаанд.
Аз буҷаи имсолаи Тоҷикистон барои пардохти қарзу фоизҳои Чин ҷудо намудани ҳудуди 35 миллион доллари амрикоӣ дар назар аст. Дар воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ бо ишора ба ҳаҷми зиёди қарздории Тоҷикистон аз Чин, пайваста аз хатарҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ин қарздорӣ бонг мезананд. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон имсол аз буҷа барои рӯйпӯш намудани қарзҳои хориҷиаш 100 миллион доллари амрикоиро равона мекунад.