То газу нафти тоҷикӣ 1400 метри дигар мондааст
Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав роҳҳои густариши ҳамкорӣ бо «Газпром зерубежнефтегаз»-ро баррасӣ кардааст.
Тибқи иттилои масъулини «Газпром» айни ҳол ин ширкат дар ояндадортарин чоҳи Тоҷикистон -Сариқамиш корҳои пармакуниро амалӣ карда истодааст. Аз 6300 метри лоиҳавӣ ширкати «Газпром» дар чоҳи Сариқамиш то чуқурии 4 ҳазору 883 метр парма кардаст.
Дар ҳоли ҳозир масъулини ширкати «Газпром зарубежнефтагаз» бо такя ба маълумоти пешакӣ ҳаҷми захираҳои газро дар чоҳи Сариқамиш 18 миллиард метри мукааб ва ҳаҷми нафтро 17 миллион тонна арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоле ки Алексей Миллер, раиси «Газпром» ҳангоми оғози пармакунӣ дар Сариқамиш - охири соли 2010-ум ҳаҷми газро дар чоҳ 5 маротиба бештар- аз 60 то 80 миллиард метри мукааб арзёбӣ карда, таъкид намуда буд, ки мардуму корхонаҳои Тоҷикистон тӯли 50 сол бо гази худӣ таъмин хоҳанд шуд.
Чоҳ тибқи лоиҳа бояд то нуқтаи 6 ҳазору 300 метр парма шуда, чуқуртарин дар Осиёи Миёна хоҳад буд. Масъулини «Газпром зарубежнефтегаз» изҳор медоранд, ки корҳои пармакунӣ дар ду баст идома дорад. Шароити пармакунӣ аз сабаби мавқеи мураккаби географӣ мушкил арзёбӣ мегардад.
Намояндагони ширкати «Газпром зарубежнефтегаз» таъкид менамоянд, ки барои парманамоӣ муосиртарин технологияро истифода мебаранд.