Амалиёти вижа таҳти унвони «Мадраса» дар шимоли Тоҷикистон ба поён расид.Тавре ба хабарнигори «Озодагон» дар РКД вилояти Суғд иттиллоъ доданд,
амалиёти мазкур 1-майи соли равон шурӯъ гардида, зимни он кулли масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амниятии минтақа ширкат доштанд.Бино ба қавли манбаъ, дар ҷараёни амалиёт дар саросари вилояти Суғд 11 ҳодисаи таълими ғайриқонунии дин ошкор гардидааст.Ин ҳодисаҳо дар шаҳру навоҳии Исафара, Истаравашн, Б. Ғафуров, Спитамен ва Қайроққум ба қайд гирифта шудаанд.
Сарчашмаи хабар афзуд, «оиди ҳодисаҳои ошкоргардида тибқи моддаи 474 (вайронкунии қонунугузории ташкилотхои динӣ)-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ гардидааст»