Ҳамрохон Зарифӣ бо муовини дабири кулли СММ мулоқот кард
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк бо У Ҳунбо, муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мулоқот кард.
Давлат Назриев, сардори Раёсати таҳлил ва иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Озодагон гуфт, ки дар ҷараёни дидор масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ баррасӣ шудаанд. «Мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории судманд дар пеш бурдани «рӯзномаи об»-и СММ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди тадбиқ гардидани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об мубодилаи афкор анҷом доданд»,-афзуд манбаъ.
Маврид ба ёдоварист, бино ба қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии СММ, ки муаллифаш Тоҷикистон мебошад, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон шудааст. Муовини дабири кулли СММ иқдомҳои Тоҷикистонро дар масъалаҳои об бамаврид ва мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои мусоидат ва пуштибонӣ дар тадбиқи Соли байналмилали ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳор кард.