Таҷамуи донишҷӯдухтарон дар назди бинои асосии ДМТ
Як гурӯҳ донишҷӯдухтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар хобгоҳи №6-и донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, бо нишони эътироз дар назди бинои асосии донишгоҳ гирди ҳам омаданд.
Як манбаъ ба Озодагон гуфт, ки дар назди бинои донишгоҳ ҳудуди 15 ҷавондухтар ҷамъ омадаанд. Сабаби эътирози онҳо ин будааст, ки ахиран масъулини хобгоҳ ба бахши бинои хобгоҳ, ки одатан духтарон зиндагӣ мекунанд, писарони донишҷӯро ҷой додаанд. «Вақте писаронро ба бахши духтарон оварданд, дар ҳуҷраҳое, ки пеш чор нафарӣ аз духтарон маскун буданд, ҳоло шашнафарӣ иқомат мекунанд. Духтарон талаб доранд, ки писарон аз ин бахш берун карда шаванд»,-афзуд манбаъ.
Духтарон гуфтаанд, чандин маротиба аз масъулин хоҳиш кардаанд, ки писарону духтаронро дар як бахш ҷой надиҳанд, аммо ба додашон касе нарасидааст. Онҳо маҷбур шудаанд, ки ба назди сарвари донишгоҳ додхоҳӣ раванд. Хабарнигори Озодагон, ки дар маҳалли таҷамӯи духтарон қарор дорад гуфт, ректор гуфтааст ҳоло фурсат надорад ва пас аз зуҳр бо онҳо сӯҳбат хоҳад кард.