Ҳамрохон Зарифӣ дар садри як ҳайат ба Ню-Йорк рафт
Имрӯз, 24-уми сентябр як ҳайат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 67-уми Маҷмааи умумии Созмони милали муттаҳид (МУ СММ) озими Ню-Йорк шуд. Ҳайатро Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии кишвар роҳбарӣ мекунад.
Тавре Давлат Назриев, сардори Раёсати таҳлил ва иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод, дар назар аст, ки вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи МУ СММ аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, дар якчанд чорабиниҳои дар чаҳорчӯби иҷлос баргузоршаванда иштирок намояд.
«Ҳамчунин дар ҳошияи иҷлосияи 67-уми МУ СММ мулоқоти вузарои умури хориҷии кишварҳои аъзои Муколомаи ҳамкориҳои Осиёӣ доир мешавад, ки дар зимн Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми раисиро дар Муколома аз давлати Кувайт қабул мекунад»,-афзуд манбаъ.
Дар чорчӯби сафари кории Ҳамрохон Зарифӣ аз Ню-Йорк, инчунин мулоқоти ӯ бо роҳбарияти СММ ва ҳамтоёнаш аз кишварҳои дигар низ дар назар аст.