Бозори сохтмонии Тоҷикистон пойбанди хориҷӣ боқӣ мондааст
Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, то охири сол чанд корхонаи навро ба истифода дода, теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хиштро дар кишвар аз ҳадди 85 бештар мекунанд.
Тибқи иттилои вазорати мазкур аз аввали сол дар кишвар 5 корхонаи тавлиди хишт мавриди истифода қарор гирифтааст. Ин корхонаҳо дар ноҳияҳои Рудакӣ, Ваҳдат, Ҳисор ва Мӯъминобод фаъол шудаанд. Дар ҳоли ҳозир шумораи корхонаҳои хиште, ки дар кишвар фаъолият доранд 83 адад арзёбӣ мешавад, ки бештар аз 2 ҳазору 200 нафарро бо ҷои кори доимӣ таъмин кардаанд.
Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, истҳсоли хишт тайи ҳашт моҳи аввали соли ҷорӣ 23,5 миллион адад бештар шуда, дар маҷмӯъ 65 миллион донаро ташкил додаст. Аммо ба қавли масъулини саноат, истеҳсоли семент дар кишвар каме коҳиш ёфтаст. Далели он номунтазамии таъминоти газ дар аввали соли ҷорӣ гуфта мешавад. Дар Тоҷикистон бо мурури афзоиши бунёди иншоот талабот ба масолеҳи сохтмонӣ афзоиш ёфтаст, ки дар ҳоли ҳозир асосан аз ҳисоби воридот таъмин мегардад. Ба кишвар арматура аз Қазоқистону Русия ва семент асосан аз Покистон ворид мешавад.