Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ҳодисаи бархӯрди як гурӯҳ ҳамватонони мо бо мардуми чечен дар шаҳри Уфаро маҳкум кард.
Тавре аз дафтари матбуоти сафорат ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар изҳорот аз ҷумла омадааст, ҷониби Тоҷикистон ҳама гуна низоъҳо, бахусус низоъҳоро бар пояи мансубияти миллӣ маҳкум мекунад ва тамоми тоҷикистониёне, ки феълан дар Русия ба сар мебаранд, ба субот ва риояи тартиботу қонуният, эҳтироми анъаноту одоти тамоми мардуми Русия даъват карда, ҳамчунин аз мардуми таҳҷоӣ эҳтироми мардуми тоҷикро тақозо дорад.Таври маълум Русия ҳамчун як кишвари муттаҳидкунандаи анъаноту фарҳанги ақвоми гуногун маҳсуб мешавад. Аз ин хотир сафорати Тоҷикистон ин қазияро на низоъи байни ду миллат, балки қазияи авбошии аз тарафи афроди алоҳида ва ё гурӯҳи муайян ташкилшуда медонад.
Дар ҳамин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Маскав таваҷҷӯҳи шахсони масъули Русияро ба масъалаи таъсир гузоштани як қатор ашхоси алоҳида, бахусус омбудсмени ҷумҳурии Чеченистон ва Шӯрои кӯҳансолони ин кишвар, ба раванди тафтишоти мазкур ҷалб кардааст. Дар изҳорот гуфта мешавад, дар кишваре чун Русия, ки миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо рушди омилҳои демократӣ ҷойгоҳи махсусро соҳиб аст, ин ашхос бо изҳороти худ аз масъулин тақозо кардаанд, то дар мавриди баррасии ин қазия аз роҳи «худиву бегона», яъне шаҳрванди Русияву хориҷӣ кор бигиранд, ки таври маълум бартарӣ дар ин ҳолат ба якумӣ хоҳад буд. Аз ин рӯ сафорати Тоҷикистон дар Маскав тамоми ҳомиёни ҳуқуқро давъат мекунад, то фаромӯш насозанд, ки ҳуқуқи «ҳазрати ИНСОН» миллату сарҳад надорад. Сафорати Тоҷикистон ба дараҷаи касбияти мақомоти интизомии ҷумҳурии Бошқирдистон шубҳа надорад ва бовар дорад, ки қазияи мазкур шаффоф баррасӣ гардида, муҷримин на аз рӯи мансубияти миллӣ ва табаияташон ба кишвари дигар, балки тибқи қавонини Федератсияи Русия, ҳамчун вайронкунандагони қонуну тартибот ҷазо хоҳанд гирифт. Сафорати Тоҷикистон қазияи мазкур ва раванди баррасиҳои интизомии онро таҳти назорати худ қарор додааст, - гуфта мешавад дар поёни изҳорот.