11 000 сомонии муҳофизи «Вавилон-М»-ро ба яғмо бурданд
Дар шимоли кишвар як навраси 15 соларо бо иттиҳоми дуздӣ боздошт карданд.
Тавре ба Озодагон аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, ба мақомоти ВКД дар шаҳри Хуҷанд Мирзоев ном сокини 28 солаи маҳаллаи 12, муҳофизи ҶСП «Вавилон-М» муроҷиат намуда гуфтааст, ки рӯзи 22-юми сентябр шасхони номаълум вориди хонаи истиқоматиаш шуда, ба маблағи 11 000 сомонӣ ҷавоҳиротро ба яғмо бурдаанд.
Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят ноболиғ Мадина Мирбобоева, соли таваллудаш 1997, сокини маҳаллаи 12-и шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти умумии №9 дастгир шудааст.